18 Октябр 2025 - 22:24
Source: Parstoday
Корбарони “Х”: Аз Афғонистон то Венесуэла - занҷираи мудохилоти Амрико идома дорад

Корбарони шабакаи иҷтимоии “Х” таъкид карданд, ки ҳадафи Амрико аз интихоби гузинаи низомӣ дар мавриди Венесуэла, ғорати ин кишвари Амрикои Лотин аст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, бори дигар ба гузинаи низомӣ бо иддаои муқобила бо кортелҳои маводи мухаддир дар Амрикои Лотин тамоюл нишон дода ва онро абзоре барои пешбурди аҳдофи сиёсии Вашингтон, ба вижа алайҳи давлати мардумии Николас Мадуро дар Венесуэла медонад.

Дар ҳоле ки ӯ ин иқдомотро дифоъ аз амнияти миллӣ муаррифӣ мекунад, таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, чунин мудохилае метавонад ба такрори фоҷеаҳои Афғонистон ва Ироқ бианҷомад ва сиёсати “Аввал Амрико”-и Трампро ба таноқузеи ошкор табдил кунад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, корбарон дар шабакаи иҷтимоии “Х” иқдомоти Вашингтон алайҳи Каракасро дар ростои ғорати манобеи Венесуэла донистаанд. Дар ҳамин робита корбаре бо номи Angelo Bruno навишт: “Созмони СИА қасд дорад Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэларо аз тариқи кудато сарнагун кунад, зеро онҳо ба шиддат ба ҳамон маводи аввалияе ниёз доранд, ки мо дар ҳоли ҳозир дорем”.

Фаъоли дигаре дар “Х” ҳам бо номи Edvin Bajrektarevic гуфт: “Амрико ва шахси Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар ба баҳонаҳои воҳӣ, ба Созмони ҷосусии Иёлоти Муттаҳида, мавсум ба СИА барои амалиёти сиррӣ дар хоки Венесуэла муҷаввиз додааст ва ин - яъне эълони ҷанги Вашингтон алайҳи Венесуэла, ки боиси ташдиди таниш мешавад”.

Фарди дигаре ҳам бо номи корбарии Mind бо ишора ба ҳамалоти артиши Амрико дар дарёи Кароиб ба чанд киштӣ ва қойиқи венесуэлаӣ навишт: “Трамп қотиле аст, ки дар Кароиб парса мезанаду ии бор инҷоро маҳалли ҷавлони худ қарор додааст. Амрико аз Афғонистон то Венесуэла ҳамеша дар умури дохилии кишварҳо дахолат кардааст”.

Morgen низ муътақид аст, ки Амрико бо иқдом алайҳи Венесуэла ва танишофаринӣ дар Кароиб дар ҳоли тақвияти артиши худ дар минтақа аст.

Стив, аз дигар корбарони “Х” гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳидаро бояд ин гуна таъриф кард: “Амрико наслкушии Исроил дар Ғаззаро идома дод. Амрико дар талош барои оғози ҷанг бо Венесуэла аст. Амрикои алайҳи шаҳрвандони худ эъломи ҷанг кардааст”.

Як корбари дигар низ бо номи Fernando Papirio ба ваъдаи Мария Корино Мочадо, барандаи Сулҳи Нобел ба Амрико ишора кардааст. Вай навиштааст: “Мочадо дар гуфтугӯ бо писари Доналд Трамп, ба таври ғайримустақим ба Амрико паём дод, ки дар сурати кумак ба барканории Николас Мадуро, метавонад ба манобеи табиии азими Венесуэла дастрасӣ пайдо кунад. Ва ин - яъне таслими манобеи кишвар дар ивази қудрат. Фурӯши муҳимтарин манбаи Венесуэла ба Трамп “лутф”-и сарнагунии Мадуроро ҷуброн хоҳад кард”.

Ва дар поён ин ки Christian Seher ҳам навишт: “Мавзӯи муҷаввиз додан ба СИА барои амалиёти махфиёна дар Венесуэла мавзӯи тозае нест. Амрикои тайи солҳои гузашта дар ҳама ҷои дунё ҷосусони худро эъзом кардааст то амнияти кишварҳои мухталифро барҳам бизанад. Вашингтон ҳоло фақат ин мавзӯро ошкор карда то ваҳшати равонӣ дар байни мардуми Венесуэла эҷод кунад”.

Your Comment

You are replying to: .
captcha